Май 04, 2019 12:13 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ аз китоби нави рубоиёти ҳаким Умари Хайём дар Душанбе

Дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе таи маросиме аз китоби нави рубоиёти ҳаким Умари Хайём ба забонҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ рунамоӣ шуд.

Ба нақл аҳ Азия Плус, ин маҷмуъа ба ибтикори Сандуқи адабии устод Садриддин Айнӣ мунташир шуда ва бо минятурҳои Олим Камолов нақоши машҳури тоҷик зиннат шудааст.

Хонуми Ҳоҷиова ҳамоҳангкунандаи барномаҳои маркази фарҳангии Бохтар дар Тоҷикистон гуфтааст, бо гузашти қарнҳо аз замони зиндагии Хайём паёмҳои фалсафии вай барои насли имрӯзи башар низ муҳим аст. Вай муътақид аст, ҳар бор,ки рубоиёти ин шоир ва донишманди машҳурро мехонад гумон мекунад,ки бори сангини зиндагии рузмараро аз души хеш бармедорад.

 Темур Зулфиқоров нависандаи маъруфи тоҷик низ дар ин маросим, ниёзи башари имрӯз ба дарки рубоиёти Хайёмро дар баҳси дарки ҳадафи зиндагӣ муҳим баршумурданд ва тарҷумаи осори ин ҳаким ва файласуфи саршинос ба забонҳои зиндаи дунёро ниёзи башар ба дарки моҳияти зиндагии хеш унвон кард.

 Ҳамчунин Игор Лякин Фролов сафири русия дар Тоҷикистон аз Эраҷ Айнӣ набераи Садриддин Айнӣ барои интишори китоби рубоиёти ҳаким Умари Хайём тақдир ва ташакур кард.

 Дар ин маросим Ҳасан Ҳайдаров овозхони тоҷик таронаҳоеро бар матни рубоиёти ҳаким Умари Хайём иҷро кард.