Май 04, 2019 17:33 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Тоҷикистон барои бозгардонидани занони тоҷик аз Сурия

Хонаводаи 34 зани тоҷик бо муроҷиа ба Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, аз ин ниҳод барои бозгашти бастагонашон ба ватан дархости кумак карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, мақомоти Тоҷикистон муътақиданд, эҳтимол дорад теъдоди занон ва кӯдакони тоҷик, ки ҳамроҳ бо шавҳарони худ ба созмони террористии ДИИШ пайвастаанд, дар устони Ҳасака, минтақаи таҳти контроли нерӯҳои демократиии Сурия аз ин ҳам бештар бошад.

Тибқи гуфтаи мақомоти дипломатии Тоҷикистон, Вазорати умури хориҷаи ин кишвар фармонеро барои бозгардонидани занон ва кӯдакони тоҷик аз Сурия дарёфт кардааст ва ба эҳтимоли зиёд то поёни ин моҳ ҳайате аз дипломатҳои Тоҷикистон барои пайгирии ин мавзуъ ба Сурия сафар мекунад.

Бар хилофи он даста аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ироқ ба иттиҳоми фаъолиятҳои ҷангҷӯёна ва террористӣ ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум шудаанд, алайҳи занҳое, ки дар урдугоҳҳои Сурия қарор доранд, ҳеҷ парвандаи қазоӣ боз нашудааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки ҳамакнун 43 зани тоҷик дар зиндонҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд.

Тоҷикистон дар поёни моҳи апрел 84 кӯдакро аз Ироқ ба Душанбе бозгардонид ва масоили марбут ба истирдоди модарони онҳо низ дар ҳоли баррасӣ аст, аммо дар як соли ахир ҳеҷ кас аз Сурия ба Душанбе мунтақил нашудааст.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон буда, ки ҳудуди 50 зану кӯдак ва чанд тан аз мардони табааи худро аз Сурия баргардонидааст.