Май 04, 2019 20:02 Asia/Dushanbe
  • Душанбе - мизбони Иҷлоси байналмилалии мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории иҷлоси мавсум ба “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақаӣ дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир” дар Душанбе хабар дод.

Сироҷиддини Муҳриддин дар ёздаҳумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Ёддошти тафоҳуми ҳамкории минтақаии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тошканд гуфт, ин иҷлоси байналмилалӣ 16 ва 17 май дар Душанбе баргузор мешавад.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ дар Русия ва кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд даъват кард, дар ин иҷлос ҳузур ёбанд.

Вазири умури хориҷаи Русия низ дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Ёддошти тафоҳуми ҳамкории минтақаии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир гуфт, танҳо дар сурати муборизаи гурӯҳӣ метавон бар қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар минтақаи Осиёи Марказӣ чира шуд.

Сергей Лавров бо баёни ин ки Русия ба ҷаҳони орӣ аз маводи мухаддир пойбанд аст, афзуд, решакан кардани маводи мухаддир ва аз байн бурдани ранҷу озори мардум бар асари ин балои хонумонсӯз саҳми қобили таваҷҷуҳе дар таъмини озодиҳои шахсӣ ва дифоъ аз каромати инсонӣ дорад.

Бахши умдаи маводи мухаддири масрафии Русия аз Афғонистон, аз масири кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчун Тоҷикистон ва Қазоқистон ба Русия қочоқ мешавад.

Ба гузориши расонаҳои русӣ, ҳудуди ҳашт миллиону 500 ҳазор муътод ба маводи мухаддир дар Русия вуҷуд дорад, ки ҳудуди 90 дарсади онон аз героини тавлидшуда дар Афғонистон истифода мекунанд.