Ифшои бардагии 16 коргари муҳоҷири тоҷик дар кишвари Латвия
Вазорати кишвари Латвия аз ифшо шудани шароити бардагии 16 коргари муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар хабар додааст.
Ба нақл аз сомонаи Ахбор, телевизиони Латвия бо пахши гузорише аз шароити душвори зиндагии 16 коргари муҳоҷири тоҷик, ки чаҳор моҳ бидуни дарёфти ҳуқуқ ва гурусна нигаҳ дошта буданд ва ҳатто барои бозгашт ба кишвари худ аснод ва мадорике надоштанд, парда бардоштааст.
Ласма Истабино ҳамоҳангкунандаи идораи мубориза бо қочоқи инсон дар Вазорати кишвари Латвия гуфтааст, ки корфармо мадорики ҳувиятии ин 16 коргари муҳоҷири тоҷикро, ки синни онон байни 40 то 50 сол аст, мусодира карда ва дар муддати чаҳор моҳ ба онон дастмузде надода ва ин ашхосро дар шароити бардагӣ нигоҳ доштааст.
Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин ба ин афрод ғизои кофӣ дода намешуда ва онон аз қавонини ҳуқуии кишвари Латвия низ ноогоҳ будаанд.
Корфармо бо мусодираи аснод ва мадорики ҳувиятии ин 16 коргари муҳоҷири тоҷик роҳи бозгашти онон ба кишварашонро низ баста буд.
Ҳамоҳангкунундаи идораи мубориза бо қочоқи инсон дар Вазорати кишвари Латвия муътақид аст, ки ин нахустин маврид аз шароити бардагии атбоъи як кишвари дигар дар қаламрави Латвия аст.
Вазорати кишвар Латвия эълом кардааст, ки ҳамаи ҷонибҳои ин ҳодиса баёнгари қочоқи инсон ва бардагӣ аст ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад.
Ласма Истабино мегуяд, ки ба эҳтимоли зиёд ин теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷик қурбонии фаолияти гуруҳҳои қочоқи инсон шуда ва аз қаламрави Украина бо ваъдаи кори муносиб ва ҳуқуқи кофӣ ба Латвия мунтақил шудаанд.