Ифшои бардагии 16 коргари муҳоҷири тоҷик дар кишвари Латвия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i43540-Ифшои_бардагии_16_коргари_муҳоҷири_тоҷик_дар_кишвари_Латвия
Вазорати кишвари Латвия аз ифшо шудани шароити бардагии 16 коргари муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 05, 2019 13:02 Asia/Dushanbe
  • Ифшои бардагии 16 коргари муҳоҷири тоҷик дар кишвари Латвия

Вазорати кишвари Латвия аз ифшо шудани шароити бардагии 16 коргари муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи "Ахбор", телевизиони Латвия бо пахши гузорише аз шароити душвори зиндагии 16 коргари муҳоҷири тоҷик, ки 4 моҳ бидуни дарёфти маош ва гурусна нигаҳ дошта буданд ва ҳаттто барои бозгашт ба кишвари худ ҳуҷҷат надоштанд, парда бардоштааст.

Ласма Стабиня, ҳамоҳангсози ВКД Латвия гуфтааст, ки корфармо ҳуҷҷатҳои ин 16 коргари муҳоҷири тоҷикро, ки синни онҳо байни 40 то 50 сол аст, мусодира карда ва дар муддати чор моҳ ба онҳо дастмузде надода ва ин афродро дар шароити бардагӣ нигоҳ доштааст.

Ласма Стабиня, ҳамоҳангсози ВКД Латвия дар масоили пешгирӣ аз харидуфурӯши инсон мегӯяд, ин нахустин қазияи ошкоршудаи дар Латвия мавриди харидуфурӯши инсон қарор гирифтани шаҳрвандони кишварҳои сеюм аст.

Вазорати кишвари Латвия эълом кардааст, ки ҳамаи ҷонибҳои ин ҳодиса баёнгари қочоқи инсон ва бардагӣ аст ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад.