Иқдомоти афроди хайир дар моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон
Бо оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон, афроди хайрхоҳ ба пухт ва тавзеъи нони ройгон, интиқоли маҷонии мусофирон ва эҳдои бастаҳои маводи ғизоӣ ба ниёзмандон иқдом кардаанд.
Ба нақл аз хабаргузории Ховар, кормандони нонвойии воқеъ дар кучаи Борбади шаҳри Душанбе ба мудати як рӯз нони пухтаи худро ба таври ройгон байни сокинони ин маҳалла тақсим карданд.
Дар иқдоми дигаре ронандаи яке аз маршруткаҳои хатсайри шумораи 15 дар шаҳри Душанбе эълом кардааст,ки рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон аз мусофирон кирояи роҳ нахоҳад гирифт ва ироаи хадамот дар ин рӯз ройгон хоҳад буд.
Ҳамчунин теъдоде аз ронандагони васоили нақлияи умумии пойтахти Тоҷикистон аз умла афтобусҳо ва тралебусҳо иқдом ба интиқоли ройгони мусофирон дар рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон кардаанд. Аз суи дигар дар ноҳияи Масчоҳ дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон теъдоди афроди хайир ба ифтитоҳи се маркази тавзеъи маводи ғизоии ройгон ба ниёзмандон дар мудати моҳи мубораки Рамазон иқдом кардаанд.
Мақомоти ин ноҳия эълом кардаанд афроди хайир қасд доранд дар тамоми фармондориҳои ин минтақа марказҳои тавзеъи маводи ғизоии ройгон ба ниёзмандон ифтитоҳ кунанд.
Мардуми Тоҷикистон имрӯз душанбе 6 уми май ба истиқболи моҳи мубораки Рамазон рафтанд.