Май 06, 2019 14:04 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти як мунтақиди зиндонии тоҷик; ба хотири тамос бо телефони ҳамроҳ

Наздикони Ҷунайдуллоҳ Худоёров фаъоли шабакаҳои иҷтимоие,ки давраи макумияти 5 солаи худро дар зиндони шумораи 4и шаҳри Душанбе мегузаронад гуфтаанд,ки вай ба иттиҳоми тамос бо телефони ҳамроҳ бо хонаводааш бояд ду моҳро дар селули инфиродӣ сипари кунад

 Ба нақл аз сомонаи ТОП ТИ ҶИ, ин афрод таъкид кардаанд,ки акнун Ҷунайдуллоҳ Худоёров мамнуъи мулоқот шуда ва аз ҳаққи дарёфти ғизо аз хонаводааш низ маҳрум шудааст.

 Вай,ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекард, ба маҳзи бозгашт ба Тоҷикистон ба хотири интиқод аз мақомоти  Ҳукуматии  ноҳияи Рашд боздошт ва дар соли 2018 ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи мамнуъаи Салафия ба 5 соли зиндон маҳкум шуд,ки албата наздиконаш ин иттиҳомро беасос унвон мекунанд.

 Аммо генерал Мансурҷон Умаров раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон мегуяд, Ҷунайдуллоҳ Худоёров ҳаққи тамос гирифтан бо хонаводаашро аз дохили селул надошта ва борҳо ин муқараротро нақз кардааст. Бинобар ин акнун ба мудати ду моҳ дар селули инфиродӣ нигаҳдори хоҳад шуд.

 Дар дохили тамоми зиндонҳои Тоҷикистон телефонҳои собит насб шуда,ки зиндониён бояд танҳо аз ин телефонҳо бо хонаводаҳояшон тамос бигиранд. Дар ҳоле,ки дар мавориде ин афрод бо истифода аз телефонҳои ҳамроҳ ба хориҷ аз зиндон занг мезананд,ки ин, нақзи муқарароти дохилӣ аст ва доштан ва истифода аз телефони ҳамроҳ дар маҳали маҳкумият мамнуъ аст.

 Бо ин ҳол як зиндонӣ бо ин,ки номашро фош кунад гуфтааст,ки маъмурони зиндон худ дар баробари дарёфти маблағ аз зиндониён, телефонҳои ҳамроҳи хешро дар ихтиёри ин афрод карор медиҳанд,ки бо хонаводаҳояшон тамос бигиранд.