Саҳми арзишманди Русия барои омӯзиши низомиёни тоҷик
(last modified Tue, 07 May 2019 04:13:51 GMT )
Май 07, 2019 09:13 Asia/Dushanbe
  • Саҳми арзишманди Русия барои омӯзиши низомиёни тоҷик

устоди донишгоҳи низомии Русия вобаста ба Вазорати дифои ин кишвар муътақид аст, Маскав барои омӯзиши низомиёни мавриди ниёзи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон саҳми арзишманде ҳамроҳ мекунад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, доктор Юрӣ Робетсов гуфтааст, ки Тоҷикистон муттаҳиди наздики Русия дар Осиёи Марказӣ аст ва дар хатти муқадами мубориза бо терроризм дар марзҳои ҷанубии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бо Афғонистон воқеъ шудааст.

Вай таъкид кардааст, кишварҳои ғарбӣ низ ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки афсарони тоҷикро дар марокизи омӯзишҳои низомии хеш тарбият кунанд, аммо дар баробари ин кумак бояд манобеъи молии калон ҳазина шавад, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ин маблағҳоро дар ихтиёр надорад.

Пас аз фурупошии Шуравӣ мавзӯъи омӯзиши афсарони низомии мавриди ниёзи артишҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилоти зиёде ру ба ру шуд, аммо акнун бо кумаки Русия ниёзи омӯзишӣ, таслиҳотӣ ва таҷҳизотии неруҳои мусаллаҳи ин ҷумҳуриҳо бароварда мешавад.

Дар ин миён дар қаламрави Тоҷикистон, пойгоҳи 201 низомии артиши Русия мустақар шудааст, ки метавонад дар сурати ҳар навъ таъаррузи гуруҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба кумаки артиши Тоҷикистон биёяд. 

Аз сӯи дигар Тоҷикистон ба унвони узви  Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, таслиҳот ва адавоти мавриди ниёзи неруҳои мусаллаҳи худро бо нархҳои арзон аз Русия дарёфт мекунад.