Коҳиши шадиди суръати интернет дар Тоҷикистон
Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон аз коҳиши шадиди суръати интернет дар ин кишвар шикоят мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, вуруд ба шабакаҳои иҷтимоӣ амалан ба далели поин будани суръати интернет ғайримумкин шуда ва истифода аз интернети телефони ҳамроҳ низ бо мушкилоти зиёде ҳамроҳ аст.
Ҳатто ронандаҳои таксиҳо шикоят мекунанд, ки ба далели поин будани суръати интернет наметавонанд дар вақти таъиншуда паёмҳои мусофиронро дарёфт кунанд ва ба онҳо хадамот ироа диҳанд.
Масъулони ширкатҳои ироадиҳандаи интернет ва телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки яке аз иллатҳои кундии суръати интернет дар ин кишвар масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки аз сӯи Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобирот эъмол шудааст.
Аз ин рӯ, коргарон маҷбур мешаванд, ки аз филтершикан истифода кунанд, ки суръати интернетро коҳиш медиҳад.
Тоҷикистон дар оғози имсол дар радабандии ҷаҳонии суръати интернети телефони ҳамроҳ ҷузви охирин радаҳои ҷаҳонӣ буд ва мақоми 137-ро ба худ ихтисос дод.
Ин дар ҳоле аст, ки бештари шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар Тоҷикистон баста аст.