Май 08, 2019 12:01 Asia/Dushanbe
  • Ироаи тарҳи буҷаи 2020-и Тоҷикистон дар моҳи сентябр

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард: Тарҳи буҷаи ҳукумати ин кишвар барои соли 2020 сентябри имсол омода мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Авесто. тарҳи буҷаи ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2020 охирҳои моҳи августи имсол таҳия ва моҳи сентябр давлат барои баррасӣ ба Комиссияи буҷа ироа хоҳад шуд.

Вазорати молияи Тоҷикистон аз бозгӯ кардани бахшҳои даромадӣ ва харҷи буҷаи ҳукумати ин кишвар барои соли 2020 худдорӣ мекунад.

Ҳаҷми умумии буҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020,  23 миллиарду 773 миллион сомонӣ (муодили 2 миллиарду 500 миллион доллар) муқаррар шудааст.

Бахши харҷи буҷаи соли 2019-и ҳукумати Тоҷикистон 24 миллиарду 200 миллион сомонӣ таъин шудааст, ки дар муқоиса  бо буҷаи соли 2018  13% афзоиш нишон медиҳад.

Ҳамчунин бахши даромадии буҷа барои соли 2019, 24 миллиарду 643 миллион сомонӣ муқаррар шуда, ки дар муқоиса бо буҷаи соли 2018,  7,5 % бештар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон имсол 391 миллион сомонӣ касрии буҷа дорад.

Ҳамчунин бар асоси қонунҳои Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи ҳукумат бояд имсол 350 миллион сомонӣ ба сандуқи захираи раисҷумҳур вориз шавад.