Май 09, 2019 09:20 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти номусоиди иқтисодӣ, иллати фуруши тиллои Тоҷикистон

Иқтисоддони русӣ муътақид аст иллати аслии фуруши тилло дар кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон вазъияти номусоиди иқтисодӣ аст.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Антон Шабонов бо ишора ба иқдоми Бонки милии Тоҷикистон барои фуруши 1 тонна тилло гуфтааст, ки ин равиш барои ҳифзи захираҳои арзии ин кишвар бисёр муҳим аст, чаро ки фуруши тилло метавонад барои ҳар кишваре аз ҷумла Тоҷикистон ду ҳадаф дошта бошад. Нахуст он ки ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад захираҳои тиллои худро танзим кунад ва дуввум ин ки ниёз ба кумаки молии шадид дорад.

Тилло ба унвони филизи гаронбаҳо ба рағми навасоноти нархҳо, ҳамвора дар бозори ҷаҳонӣ харидор хоҳад дошт. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳукуматҳо метавонанд дар шароити буҳронии кишварҳояшон ба фуруши захираҳои тилло иқдом кунанд, то осебҳои мавҷуд дар иқтисод коҳиш ёбад.

Гузориши нави Шурои ҷаҳонии тилло "World Gold Council" нишон медиҳад аз моҳи январ то моҳи марти соли 2019 Узбакистон 6.2 тонна, Муғулистон 3.4 тонна ва Тоҷикистон 1 тонна аз ин филизҳои гаронбаҳоро фурухтаанд.

Дар соли гузашта дар Тоҷикистон, ҳаҷми тиллои бадастомада барои ҷумҳурӣ як рекорд будааст, ки 6.4 тонна буд.

Ба гуфтаи Вазорати саноъат ва технологиҳои нав, тамоми тиллои истихроҷшуда дар ин ҷумҳурӣ ба Бонки миллии ин ҷумҳурӣ мунтақил шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар соли равон Заробуддин Файзуллоҳзода вазири саноъати ва технологиҳои нави Тоҷикистон аз ширкати муштараки ин кишвар бо Чин, ки дар маъдани тиллои Покрӯд машғул ба кор аст, хост барои афзоиши тавлиди ин маҳсул иқдом кунад.

Дар Тоҷикистон ҳамакнун чандин ширкати муштараки тоҷикистонӣ ва чинӣ машғули истихроҷи тилло ҳастанд, ки бахши умдаи саҳоми молии ин ширкатҳо ба далели сармоягузории молии Пекин мутаъаллиқ ба Чин  аст.