Май 09, 2019 09:47 Asia/Dushanbe
  • Дархости 10 то 20 сол маҳкумият барои омилони ошуби зиндони Хуҷанд

Намояндаи додситонии вилояти Суғд дар додгоҳи муҳокимаи омилҳои ошуб дар зиндони Хуҷанд, барои муттаҳамон дар ин қазия дархости 10 то 20 сол маҳкумият кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Ка-Ниюз, муҳокимаи ин ашхос ба далели маҳрамона будани парвандаи онон бидуни ҳузури аъзои хонавода ва рӯзноманигорон дар боздоштгоҳи рақами 2 шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд пушти дарҳои баста аз 12 март оғоз шуда ва акнун намояндаи додситонӣ барои 33 мазнун дар ин ҳодиса ҳукми маҳкумияти 10 то 20 солро дархост кардааст.

Гуфта мешавад, ки баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи 33 зиндонии мазнун дар шуриши шаби 7 ноябри соли 2018 ва 9 корманди зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд додгоҳ дар марҳилаи поёнӣ қарор дорад ва ба зудӣ ҳукми ин ашхос эълом хоҳад шуд.

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон пештар эълом карда буданд, ки дар ин ҳодиса 35 нафар аз ҷумла ду корманди зиндон кушта ва теъдоди зиёде низ захмӣ шуданд.

Ин мақомот муддаъӣ ҳастанд саркардаҳои ошуб, ки дар зиндони Хуҷанд ба ҷурмҳои террористӣ ва ифротгароӣ маҳкум шуда буданд кормандони зиндонро ба шакли фаҷиъ ба қатл расонданд.

Ба гуфтаи ин мақомот, дар ошуби зиндони Хуҷанд беш аз 100 нафар захмӣ шуданд, ки панҷ тан аз онон кормандони ин зиндон буданд.

Ҳамчунин раиси вақти зиндони Хуҷанд низ, ки пас аз ин ҳодиса барканор шуда буд дар ин додгоҳ ба унвони муттаҳам муҳокима мешавад.

Дар паи ин ҳодиса генерал Изатуллоҳ Шарифзода муовини вазири адлия ва раиси Созмони зиндонҳои ин кишвар аз симаташ барканор шуд. Акнун генерал Мансурхон Умаров муовини аввали собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон дар симати раёсати зиндонҳои ин кишвар ҷонишини Шарифзода шудааст.

Шуриши хунини шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд пурқурбонитарин ҳодиса дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.