Май 10, 2019 19:05 Asia/Dushanbe
  • Бархӯрд бо мӯътаризон ба афзоиши молиёт дар Шаҳритӯси Тоҷикистон

Эътироз ба афзоиши молиёт сабаб шуд, ки барои се нафар аз аҳолии ноҳияи Шаҳритӯс дар ҷануби Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи "Ахбор", 

Дар пайи як эътирози тоҷирони бозори ноҳияи Шаҳритӯс ба зидди се нафари онҳо, аз ҷумла ба зидди ду зан парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ин се нафар, ки ду тани онҳо зан ҳастанд рӯзи 30 апрел дар пайи рейди мақомоти андоз даст ба эътироз зада, бо нозирони ҳукуматӣ даргирии лафзӣ пайдо карда буданд.

Кароматулло Шехов, Меҳрубон Шоҳбудинова ва Мавлуда Ҳаитова- ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва дағалӣ нисбат ба кормандони андоз муттаҳам мешаванд.

Ҳамчунин Кароматулло Шехов бо тасмими додгоҳ ба муддати 6 рӯз аз озодӣ маҳрум шудааст.

Бархӯрд ба ҳар навъ эътироз дар Тоҷикистон хеле шадид буда, ҳамагӣ чанд рӯз пеш ҳудуди 15 нафарро барои эътироз дар назди ширкати "Фароз” ба муҳлати аз 5 то 15 рӯз ҳабс карданд.