Май 11, 2019 09:11 Asia/Dushanbe
  • Ҷазобияти кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон барои гардишгарони хориҷӣ

Мудирияти ширкати гардишгарии Central AsiaTravel дар Русия муътақид аст,Кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон аз ҷазобияти зиёде барои гардишгарони хориҷӣ бархурдор буда ва беҳтар аст,ки дар ин замина мақомоти Душанбе бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкори кунанд.

 Ба нақл аз сомонаи Спутник,Никалай Сербин гуфтааст,ки гардишгарони зиёде аз Аврупо, Амрикои лотин ва Осиёи ҷануб шарқӣ алоқаманд ба сафар ба вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳастанд,ки теъдоде аз онҳо кӯҳнаварданд ва мехоҳанд ба қуллаҳои болои 7 ҳазор метрии ин минтақа суъуд кунанд. Аммо аксари ин афрод  дар талош ҳастанд,ки ба таври ҳамзамон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Узбакистон ва Қирғизистон низ боздид кунанд ва дар ин маврид бояд мақомоти Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон масирҳои муштаракро бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоҳанг кунанд.

 Ба гуфтаи вай барои гардишгарони хориҷие,ки қасди сафар ба минтақаҳои  кӯҳистонии водии Зарафшон ва кӯҳҳои Фан ро дар шимоли Тоҷикистон доранд,ворид шудан ба ин минтақаҳо аз Самарқанди Узбакистон ҳам наздиктар ва ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ бо сарфатар аст чаро,ки Душанбе пойтахти Тоҷикистон аз водии Зарафшон 200 километр фосила дорад вале масофати миёни шаҳри Самарқанди Узбакистон бо Панҷакенти Тоҷикистон 60 километр мебошад.

Аз дидгоҳи мудири ширкати гардишгарии  Central Asia Travel  барои кӯҳнавардони хориҷӣ ҷолиб аст,ки барои боло баромадан  ба қуллаҳои болои 7 ҳазор метрии вилояти Бадахшони Тоҷикистон сафари худро аз Қирғизистон оғоз кунанд ва баъдан вориди қаламрави Тоҷикистон шаванд. Бинобар ин ҳамоҳангӣ миёни ниҳодҳои хадамоти гардишгарии Тоҷикистон, Узбакистон зарурат дорад то масирҳои муштаракро барои гардишгарони хориҷӣ ҷазобтар кунанд.