Май 13, 2019 09:11 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди тарҳи Нест бод ришва ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Як ҷавони фаъоли тоҷик дар саҳифаи фесбукии Мо тоҷикистонием, лоиҳаи Нест бод ришваро ба Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Бахтовар ин ҷавони тоҷик пешниҳод кардааст,ки бо ҳимояти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодани каналҳои Интернетӣ бо ришваситонӣ, хешутаборбозӣ ва пок кардани мансабдорони бесавод ба хусус дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ , гумрук, маъориф, андоз ва тандурустӣ муборизаи беамон баранд.

Аз дидгоҳи нависандаи ин лоиҳа, бештарини кормандони фасод дар идораҳои гумрук, андоз, маъориф тандурустӣ, ниҳодҳои низомӣ ва кумитаи замин фаъолият мекунанд,ки бояд барои аз байн бурдани фасод дар  ин идораҳо талош кард.

Ин лоиҳа бо истиқболи густардаи корбарони фазои маҷозӣ рӯ ба рӯ шудааст,ки муътақиданд замони муборизаи ҷиддӣ бо ришвахорӣ фасоди молӣ дар идораҳои давлатии Тоҷикистон фаро расидааст.

 Ҳар чанд теъдоде аз корбарон низ омилҳои дигаре монанди маош ва дастмуздҳои ночизи идораҳои давлатиро аз иллатҳои густариши фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар идораҳои давлатии Тоҷикистон унвон мекунанд.

Ин дар ҳоле аст,ки Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидори ахираш бо кормандони Вазоратҳои андоз, Кумитаи давлатии андоз, хадамоти давлатии гумрук ва Бонки миллии Тоҷикистон бо интиқод аз фаъолияти ин идораҳо, расидагии Ҳукумат ба идораҳо ва амволи ин афродро хостор шуд,ки тайи мудати кутоҳ сарвати зиёдеро ҷамъ кардаанд.