Таъмини 88 дарсадии барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низомвазифа дар Тоҷикистон
Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низомвазифа дар ин кишвар, то рӯзи 14 май 88 дарсад иҷроӣ шудааст.
Ба нақл аз сомонаи Вазорати дифои Тоҷикистон, бар ин асос дар вилояти Хатлон ин барнома 86 дарсад, Суғд 87 дарсад, вилояти Бадахшон 103 дарсад, шаҳри Душанбе 100 дарсад ва ноҳияҳои марказии Тоҷикистон 87 дарсад иҷроӣ шудааст.
Бар асоси қавонини Тоҷикистон, ҷавононе, ки синни онон байни 18 то 27 сол аст ва муофияти ҳуқуқӣ надоранд воҷиди шароити хидмати низомвазифа ба ҳисоб меоянд.
Ба гуфтаи мақомоти масъул, дар ин кишвар ҳамасола 15 то 16 ҳазор нафар аз ҷавононм воҷиди шароит бояд барои хидмат дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷазб шаванд, аммо ба далели набуди шароити матлуби маъишатӣ ва ахлоқӣ, вуҷуди хушунат ва беназмӣ дар воҳидҳои низомӣ, ки муҷиби маълул ва кушта шудани сарбозони ҷавон мешавад теъдоди зиёде аз ҷавонони тоҷик рафтан барои кор ба Русияро бар хидмати низомвазифа афзалият медиҳанд.
Аз ин ру кормандони ниҳодҳои хидмати низомвазифа ва полис ба боздошт ва эъзоми иҷбории ҷавонон ба неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом мекунанд, ки ба мушкили ҷиддӣ барои ин кишвар табдил шудааст.
Дар ин охирҳо барои иҷрои барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низовазифа дар ноҳияҳои Нуробод ва Ҷалолуддини Балхӣ мақомот иқдом ба бастани масҷидҳо ба манзури ворид кардани фишор ба волидайни ҷавонон кардаанд, ки фарзандони худро ба хидмат ба неруҳои мусаллаҳ эъзом кунанд.