Амволи мусодирашудаи ширкати нафтии "Умед-88" ба фуруш мерасад
Ҳукумати Тоҷикистон талоши дигареро барои фуруши амвол ва дороиҳои мусодирашудаи ширкати сузишрасони "Умед-88" оғоз кард.
Ба нақл аз сомонаи Спутник, акнун марказҳои сузишрасон, танкирҳо ва анбори ширкати сузишрасони "Умед-88" ба манзури ҷуброни хасорати ворида ба ҷамъияти саҳомии хосси неругоҳи барқ обии Роғун дар шаҳри Хуҷанд ва дигар минтақаҳои вилояти Суғд аз тариқи музояда ба фуруш гузошта шудааст.
Нархи оғози музоядаи мароқизи сузишрасон ва анборҳои сухти ин ширкат аз як миллиону 600 ҳазор сомонӣ то 15 миллиону 600 ҳазор сомонӣ таъин шудааст, ки то рӯзи 7 июни соли равон идома хоҳад ёфт.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев раиси ширкати сузишрасони Умед-88-ро дар моҳи сентябри 2018 ба иттиҳоми сирқати амволи давлатӣ, боз нагардондани воми дарёфтӣ ва ихтилоси молӣ ба 24 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Вай дархост карда буд, ки дар сурати озодӣ метавонад ин мизон хасорати молиро ҷуброн кунад, ки ин мавзӯъ нодида гирифта шуд.
Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, раиси ширкати "Умед-88"-ро ба ҳамроҳи муовин ва чаҳор мақоми масъули ин ширкат, дар соли 2017 боздошт карда буд. Гуфта мешавад масъулони ин ширкат 172 миллион сомонӣ қарз дарёфт кардаанд.
Ширкати "Умед-88" дар бозори сузишвории Тоҷикистон бо ширкати Газ-Проми Русия ва ширкати Фароз рақобат мекард.