Май 15, 2019 11:06 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди беш аз 1 миллион тонна семент дар Тоҷикистон таи чор моҳ

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз истеҳсоли 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар ин кишвар таи чор моҳи нахусти соли 2019 хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ин теъдоди сементи тавлидшуда дар корхонаҳои ин кишвар дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 74 ҳазор тонна бештар аст.

Таи ин муддат 462 ҳазор тонна аз ин маҳсули сохтмонӣ ба хориҷ содир шудааст, ки Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон аз муҳимтарин харидорони сементи Тоҷикистон буданд.

Дар ин муддат ба Узбакистон 250 ҳазор тонна, Афғонистон 198 ҳазор тонна ва Қирғизистон 14 ҳазор тонна семент содир шудааст.

Дар Тоҷикистон 13 корхонаи семент фаъолият мекунанд, ки дар 15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кӯмаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст.

  Бар асоси созишномаи ҳамкориҳои Душанбе ва Пекин баҳрабардорӣ аз ду корхонаи нави тавлиди семент дар Тоҷикистон таи ду соли оянда барномарезӣ шудааст.