Май 15, 2019 12:56 Asia/Dushanbe
  • Монеаҳои матраҳшудаи ночиз будани сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон

Мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, мизони ҷазби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисоди ин кишвар кам мебошад.

Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, баррасии ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки ночиз будани мизони сармоягузории хориҷӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ба чанд омил бастагӣ дорад, ки дар дохили ин кишвар ба унвони монеаҳо матраҳ ҳастанд.

Воқеъ шудан дар хушкӣ ва дастрасӣ надоштан ба обҳои озод, набуди фазои матлуб барои ҷазби сармояи хориҷӣ, вуҷуди фасод ва ришвахӯрӣ дар идораҳои давлатӣ, нодида гирифтани қонунҳо, набуди низоми қазоии мустақил, тазоҳур ба мубориза бо фасоди молӣ ва эъмоли молиёти сангин аз ҷумлаи монеаҳое ҳастанд, ки мӯҷиби кунд шудани рушди иқтисоди Тоҷикистон мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши худ таъкид кардааст, ки анҷом нашудани ислоҳот дар сохтори иқтисоди Тоҷикистон мӯҷиби фирори сармоягузорони хориҷӣ аз ин кишвар мешавад. Ҳамчунин вуҷуди молиёти 67, 3%,  ки ду баробар бештар аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, мӯҷиби хурӯҷи ширкатҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон мешавад.