Ҳадафҳои вазири дифои Русия аз сафар ба Тоҷикистон
(last modified Thu, 16 May 2019 04:14:18 GMT )
Май 16, 2019 09:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафҳои вазири дифои Русия аз сафар ба Тоҷикистон

Коршиноси масоили низомии Русия муътақид аст мавзӯъи мубора бо терроризм ва таҳкими неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз муҳимтарин аҳдофи сафари Артишбуд Сергей Шайго вазири дифои Русия ба Душанбе аст.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Игор Каратчинко сардабири маҷаллаи "Дифои миллӣ" ва коршиноси масоили низомии Русия бо ишора ба сафари охирҳои моҳи майи соли равони вазири дифои ин кишвар ба Тоҷикистон гуфтааст, ки муборизаи муштарак бо терроризм ва тақвияти тавони размии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ду меҳвари умдаи музокироти ин мақоми баландпояи низомии русӣ бо масъулони Тоҷикистон аст.

Вай таъкид мекунад, ки Русия ҳамвора ба таври ройгони таслиҳот ва адавоти низомӣ дар ихтиёри артиши Тоҷикистон қарор медиҳад ва теъдоди низомиёни тоҷик дар донишгоҳҳои низомии русӣ ҳамасола афзоиш меёбад.

Ҳузури пойгоҳи низомии "201" артиши Русия ва пойгоҳи назорати фазоии мавсум ба АКНА дар Тоҷикистон барои Маскав дар шароити афзоиши таҳдидоти гуруҳҳои террористии мустақил дар шимоли Афғонистон аз аҳамияти зиёде бархурдор мебошад.

Ҳамчунин баррасии барномаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ ва фаннии ду кишвар дар дидори артишбуд Сергей Шайго бо генерал Шералӣ Мирзо ҳамтои тоҷики вай дар Душанбе дар назар аст.

Вазири дифои Русия дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.