Май 16, 2019 09:29 Asia/Dushanbe
  • Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба марзи 3 миллиард доллар расид

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, қарзи хориҷии ин кишвар таи 4 моҳи нахусти соли равон ба 2 миллиарду 914 миллион доллар расидааст.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ибтидои соли 2019 қарзи хориҷии ин кишвар ба 2 миллиарду 914 миллион доллар расида буд, ки баробар бо 40.3 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ мебошад. Бар ин асос мизион қарзи хориҷии Тоҷикистон дар муқоиса бо аввали соли 2019 беш аз 9 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки ҳаҷми қарзи хориҷии давлати Тоҷикистон таи 4 моҳи нахусти соли равон ба 2 миллиарду 754 миллион доллар расид ва бақияи манобеъи молии ҷазбшуда аз сӯи Бонки миллии ин кишвар будааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон мегуянд дар соли 2018 барои ҷазби 402 миллион доллар қарз ва манобеъи молии хориҷӣ, 12 созишнома имзо кардаанд, ки беш аз 62 дарсади ин маблағ кумакҳои билоаваз мебошад.

Бар асоси гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон эътибороти дарёфтӣ аз Бонки давлатии воридот ва содироти Чин 1.2 миллиард доллар, Бонки ҷаҳонӣ 318 миллион доллар, Бонки тавсеъаи Осиё 278 миллион доллар ва Бонки тавсеъаи исломӣ 112 миллион доллар аст.

Аз сӯи дигар чанде пеш Бонки ҷаҳонӣ эълом кард ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад бо афзоиши сақфи қарзи хориҷии худ аз 40 дасради феълӣ ба 60 дарсад аз маҷмуъи маҳсулоти тавлиди нохолиси милии ин кишвар заминаи дарёфти қарзҳои хориҷии бештарро фароҳам созад.