Май 17, 2019 19:50 Asia/Dushanbe
  • Диишии  тоҷик дар Афғонистон: Дар Тоҷикистон диишиҳо кам нестанд

Як тоҷикистонии узви ДИИШ, ки ахиран дар Афғонистон дастгир шудааст, муддаӣ шуда, ки дар Тоҷикистон диишиҳо кам нестанд.

Ба тозагӣ Телевизиони миллии Афғонистон бо пахши гузорише боздошти ду тоҷикистонии узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишварро ифшо кард.

Дар ин гузориш Фарҳод ва Неъмат ба унвони ду узви тоҷикистонии ДИИШ муаррифӣ шуда, ки ба дасти нерӯҳои давлатии Афғонистон гирифтор шудаанд. Маълум нашуда, ки асолатан ин ду нафар аз кадом минтақаи Тоҷикистонанд. Онон гуфтанд, ки таҳти таъсири мубаллиғони ДИИШ қарор гирифта ва дар ҳамин иртибот худро ба Афғонистон расондаанд.

Дар ҳоле ки Фарҳод аз гароишаш ба ДИИШ дифоъ мекард ва аз шеваи сухан гуфтанаш мушаххас аст, ки узбакзабон аст, Неъмат мегӯяд, аз ин амр қалбан пушаймон аст. Вай гуфтааст, дар Тоҷикистон диишиҳо кам нестанд ва онҳо бояд биандишанд, ки ба роҳи каҷ нараванд, то мисли ӯ пушаймон нашаванд.

Гуфта мешавад, ҳамакнун 128 нафар аз ҷангҷӯёни хориҷии ДИИШ дар Афғонистон зиндонӣ ҳастанд, ки тоҷикистониён аз ҷумлаи онҳоянд.

 

Барчасп