Май 18, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши даромади мухобироти Тоҷикистон ,таи 3 моҳи нахусти имсол

Хадамоти давлатии мухобироот ва иртибототи Тоҷикистон аз коҳиши 11 ва чор даҳуми дарсадии даромади ин идора таи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи хадамоти давлатии мухобирот ва иртибототи Тоҷикистон таи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ даромади ин ниҳод ба 582миллион сомонӣ ( муодили 64 миллион ва 700 ҳазор доллар ) расидааст,ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 11 ва чордаҳуми дар сад камтар аст.

 Ҳамчунин даромади Ширкати Тоҷик Телеком,идораи пуст ва дигар зермаҷмуъаҳои хадамоти давлатии мухобирот ва иртибототи Тоҷикистон таи ин муддат ба 40 миллион сомонӣ расидааст.

Аз суи дигар даромади ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳ таи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ,542 миллион сомонӣ ( муодили 57 миллиону 500 ҳазор доллар ) эълом шудааст.

Бар асоси ин гузориш, теъдоди корбарони Интернет дар Тоҷикистон дар поёни 3 моҳи нахусти имсол 2 миллион ва 947 ҳазор нафар ва муштаракони телефони ҳамроҳ 6 миллион ва 854 ҳазор нафар эълом шудааст.

Гуфта мешавад,ки 4 миллиону 838 ҳазор нафар муштаракони телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон таи 3 моҳи нахусти имсол фаъол будаанд.

Ин дар ҳоле аст,ки бар асоси дастури Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ мебоист қимати як гегабайт Интернет дар ин кишвар бо иҳтисоби молиёт бар арзиши афзуда ба 63 сомонӣ ( муодили 6 доллар ) мерасид,ки қаблан 30 то 35 сомонӣ буд. Бар ин асос бояд қимати як дақиқаи муколимаи телефонӣ бо кишварҳои хориҷӣ низ ба 2 сомонию 25 дирам то 4 сомонӣ ва 80 дирам мерасид,ки дар паи эътирозҳои густардаи корбарон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон фармони лағви ин дастури Ҳукуматро содир кард.