Май 18, 2019 18:38 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ + Жопун бо Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ + Жопун дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз “Спутник”, имрӯз, 18 май дар Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон машварати ҳафтуми Муколамаи вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ + Жопун баргузор шуд. Дидори вузарои хориҷии Осиёи Марказӣ + Жопун ҳамзамон бо ҳафдаҳумин солгарди муколамаи Осиёи Марказӣ бо Жопун иттифоқ афтод.     

Дар ин нишаст се мавзӯи асосии “ҳамкории амалии кишварҳои узви муколама дар бахши гардишгарӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ” миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Жопун мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар машварати мазкур вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин ва вузарои хориҷии кишварҳои Қазоқистон –Бейбут Атамқулов, Қирғизистон –Чингиз Айдарбеков, Узбакистон –Абдулазиз Комилов, муовини вазири хориҷии Туркманистон – Вепа Ҳоҷиев, Салоҳиддин Раббонӣ ба унвони меҳмони вижа ва вазири хориҷии Жопун – Таро Коно ширкат доштанд. Эмомалӣ Раҳмон ширкаткунандагони ин нишастро ба ҳузур пазируфт ва роҷеъ ба масоили минтақаӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо табодули назар сурат гирифт.   

Маврид ба зикр аст, ки соли 2004 Жопун бо рӯйи даст гирифтани иқдоме таҳти унвони “Муколамаи Осиёи Марказӣ + Жопун” формати ҷадиди ҳамкорӣ бо кишварҳои ин минтақаро роҳандозӣ кард. Ҳадафи ин иқдом, густариш ва тақвияти равобит бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ унвон мешавад.

 

Барчасп