Май 19, 2019 09:52 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши воридоти орд ва гандум ба Тоҷикистон таи 4 моҳи соли равон

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз афзоиши воридоти орд ва гандум ба ин кишвар таи 4 моҳи нахусти соли равон хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон таи ин муддат ба Тоҷикистон 19 ҳазору 800 тонна орд ба арзиши молии 4 миллиону 700 ҳазор доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 10 ҳазор тонна бештар будааст.

Ҳамчунин таи 4 моҳи нахусти соли равон ба Тоҷикистон 457 ҳазор тонна гандум ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 81 ҳазор тонна афзоиш нишон медиҳад.

Дар солҳои гузашта Тоҷикистон аз Қазоқистон бештар орд ворид мекард, аммо акнун ба далели арзон будани нархи гандум ва фароҳам будани имкони орд кардани он дар корхонаҳои дохилии Тоҷикистон талош мешавад, ки гандум бештар ворид шавад.

Дар ҳоли ҳозир 90 дарсади ниёзи Тоҷикистон ба орд аз воридоти гандум ва пардозиши он дар дохили кишвар таъмин мешавад, ки ин муҳим дар навбаи худ мунҷар ба коҳиши воридоти орд ба ин кишвар шудааст.

Аммо мақомоти давлати Қазоқистон эълом кардаанд, ки аз соли равон ба далели вуҷуди зарфияти кофӣ барои коркарди гандум дар ин кишвар содироти ин маҳсул ба хориҷ мамнуъ ва танҳо дар шакли орд муҷоз хоҳад буд.

Дар Қазоқистон теъдоди зиёде корхонаҳои орд вуҷуд дорад, ки аз зарфияти орд кардани 20 миллион тонна гандум дар сол бархурдоранд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар солҳои ахир воридоти ордро аз Қазоқистон коҳиш ва воридоти гандум аз ин кишварро афзоиш додааст, то заминаи иштиғоли шаҳрвандони хешро  дар корхонаҳои орд фароҳам созад.

Мизони масрафи солонаи гандум дар Тоҷикистон беш аз ду миллион тонна мебошад, ки 50 дарсад аз ҳисоби тавлиди дохилӣ ва бақия аз роҳи воридот аз Қазоқистон таъмин мешавад.