Боздошти 4 нафар дар Душанбе бинобар хунукназарӣ ва сабабҳои таркиш ва оташсӯзӣ
(last modified Mon, 20 May 2019 04:23:25 GMT )
Май 20, 2019 09:23 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 4 нафар дар Душанбе  бинобар хунукназарӣ  ва  сабабҳои таркиш ва оташсӯзӣ

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти мудир ва 3 коргари ширкати таъмир ва поксозии таъсисоти кимиёвӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод,ки ба далели хунукназарии онон рӯзи шанбе 18 май,дар масири фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон таркиши газ ва оташсӯзӣ рух додааст.

Ба нақл аз сомонаи Корҳои дохилаи Тоҷикистон,ин афрод ба дастури Умед Тиллоев мудири ширкати,Гази моеъи мавҷуд дар як  зарфи 25 ҳазор литриро,ки дар анборхонаи меҳмонхонаи Ҳилтон, дар дохили шабакаи қубури партобҳо рехтаан,ки дар натиҷаи омехта шудани гази моеъ бо оксиген таркиш ва оташсузӣ рух дод,ки 6 нафар аз шаҳрвандони  раҳгузар захмӣ шудаанд.

Ширкати таъмир ва поксозии таъсисоти кимёвӣ бар асоси қарордод бо меҳмонхонаи Ҳилтон вазифадор буд,ки зарфи 25 ҳазор литрии гази моеъро холӣ ва тоза кунад,ки ба далели  ба хунукназарӣ роҳ додан ва вайрон намудани қоъидаҳои бехатари ҳангоми кор сабаби ба вуҷуд омадани таркиш ва оташсӯзӣ дар хиёбонҳои Садриддини Айнӣ ва Аҳмади Дониш дар масири фурудгоҳи байланмиллалии шаҳри Душанбе шуд.

Акнун Умед Тиллоев мудири ширкати ёдшуда ба ҳамроҳи 3 кормандаш боздошт ва алайҳи онон бинобар  ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматии худ  ба  хунукназарӣ  роҳ додан ва  вайрон намудани қоидаҳои бехатари ҳангоми кор парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, захмҳои 6 раҳгузари осебдида бар асари ин ҳодиса сатҳӣ буда дар бемористони шумораи 3 шаҳри Душанбе таҳти мудово қарор доранд.