Ошуб дар зиндони минтақаи Роҳатӣ дар Душанбе
(last modified 2019-05-20T06:00:44+00:00 )
Май 20, 2019 11:00 Asia/Dushanbe
  • Ошуб дар зиндони минтақаи Роҳатӣ дар Душанбе

Вазорати адлияи Тоҷикистон ошуб дар зиндони минтақаи Роҳатӣ дар Душанберо,ки шаби 19 моҳи май рух дод,таъйид кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, мақомоти ин Вазоратхона,ки Созмони умури зиндонҳо таҳти ихтиёри онон аст,гуфтаанд, дар натиҷаи ин ошуб 3 корманди зиндон ва теъдоде зиндонӣ кушта шудаанд.

Аммо манобеӣ хабарии мухолифон эълом кардаанд, теъдоди кушташудаҳо дар миёни зиндониён зиёд будааст.

Дар ин зиндон теъдоде аз аъзои аршади ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломии Тоҷикистон низ давраи маҳкумияти худро мегузаронанд.

 Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон муътақиданд,ошуб дар зиндони минтақаи Роҳатӣ,кори 30 нафар аз аъзои маҳкумшудаи гурӯҳи террористии ДИИШ аст,ки бо гаравгонгирии 3 корманди ин зиндон ва қатли онон талош карданд аз зиндон фирор кунанд. Аммо пеш аз ин ,зиндониёни ДИИШи ҳангоми музокира бо кормандони зиндон ба маъмурон ҳамла карданд,ки дар ин даргири теъдоде аз зиндониён кушта ва захмӣ шудаанд.

Ин мақомот дар бораи теъдоди кушта ва захмиҳои ин ҳодиса омори дақиқе надодаанд.

Ба гуфтаи онон авзоъ дар ин зиндон акнун таҳти кантрол аст ва кори гурӯҳи вижа саргарми баррасии ин моҷарост.

Ин дар ҳоле аст,ки дар ошуби шаби 8 ноябри соли 2018 дар зиндони Хуҷанд маркази вилояти Суғд ба гуфтаи мақомоти додситонии кулиТоҷикистон 21 зиндонӣ ва 2 корманди ин зиндон кушта ва теъдоди зиёде низ захмӣ шуданд,ки муҳокимаи  айбдоршавандаҳои ин ҳодиса дар додгоҳ пушти дарҳои баста идома дорад.