Кушта шудани се шахсияти саршиноси мазҳабии тоҷик дар ошӯби зиндони Роҳатӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i43899-Кушта_шудани_се_шахсияти_саршиноси_мазҳабии_тоҷик_дар_ошӯби_зиндони_Роҳатӣ
Раёсати Созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз кушта шудани 3 шахсияти саршиноси мазҳабии тоҷик дар ошӯби зиндони Роҳатӣ шаби 19 май хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Май 20, 2019 11:46 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани се шахсияти саршиноси мазҳабии тоҷик дар ошӯби зиндони Роҳатӣ

Раёсати Созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз кушта шудани 3 шахсияти саршиноси мазҳабии тоҷик дар ошӯби зиндони Роҳатӣ шаби 19 май хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории давлатии "Ховар", дар баёнияи дафтари матбуотии Идораи зиндонҳои вобаста ба Вазорати адлияи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки Саидқиёмиддини Ғозӣ, Махсуми Абдусаттор ва Шайх Тумур се шахсияти саршиноси мазҳабӣ аз сӯи зиндониёни ошӯбгар ба қатл расиданд.

Ин баёния меафзояд, зиндониёни узви гурӯҳи ДИИШ ин се нафарро барои тарсонидани маъмурони зиндон ба гаравгон гирифтанд ва бо корд ба таври ваҳшатноке ба қатл расонданд.

Аз миёни се нафар Махсуми Абдусаттор, узви Шурои сиёсии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуаи Наҳзати исломӣ будааст.

Раёсати Созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз Беҳрӯз Гулмуродов, фарзанди полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки дар соли 2015 ба гурӯҳи ДИИШ пайвастааст ва Фахриддин Гулов, Муҳаммадуллоҳ Шарипов ва Рӯҳуллоҳ Ҳасанов, ба унвони саркардагони ин ошӯб ва аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ ёд кардаанд.

Ҳамчунин майор Бурҳониддин Муродов, майор Абдуҷаббор Ҳалимов ва лейтенанти калон Маҳмуд Асоев се корманди ин зиндон буданд, ки тавассути ошӯбгарон ба қатл расидаанд.

Дар ин баёния ба кушта шудани 24 зиндонӣ ва боздошти 35 нафари дигар ишора шудааст. Ин дар ҳолест, ки ағлаби расонаҳои тоҷикӣ теъдоди кушташудагонро 32 нафар эълом кардаанд. 

Гуфта мешавад,ки гаравгонҳо озод ва кормандони Додситонии кул баррасии ин ҳодисаро оғоз кардаанд.