Май 21, 2019 13:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ: Тоҷикистон дар мавриди ҳодисаи зиндони  Ваҳдат шаффофсозӣ кунад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баёнияе хостори рушан шудани ҷузъиёти ҳодисаи зиндони Ваҳдати ин кишвар шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин баёния омадааст, Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ ҳукумати Тоҷикистонро масъули фоҷеъаи зиндони шаҳри Ваҳдат дониста ва аз амнияти ва саломатии зиндониён дар ин кишвар изҳори нигаронӣ мекунад.

Изҳороти зидду нақизи мақомот боиси пайдо шудани саволоти муттаъадиде дар мавриди ин ҳодиса мешавад.

Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ аз мақомоти кишвар дархост дорад ҷузъиёти ин ҳодисаро ба сурати шаффоф барои мардум ва хонаводаи қурбониён баён кунанд. Ҳол ин савол пеш омада, ки чаро зиндониёни узви ДИИШ дар замон ва дар як  макон се узви собиқи ин ҳизб ва руҳониёнро мавриди ҳадаф қарор додаанд?

Барои рушан шудани ҳамаи ҷузъиёти ин ҳодиса раёсати Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ аз ҳукумат дархост дорад, то гуруҳи таҳқиқотии мустақил бо ширкати созмонҳои байналмиллалӣ аз ҷумла Салиби Сурхи ҷаҳонӣ ва хабарнигорони мустақил ташкил шавад, то ҷузъиёти ин ҳодиса ба таври дақиқ баррасӣ ва ба мардум эълом гардад.

Раёсати Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳодисаи зиндони Ваҳдатро, ки ба кушта шудани 3 зиндонбон ва теъдоде зиндонӣ аз ҷумла се шахсияти ҳизб ва узви Камиссиони оштии миллӣ ва руҳонии маъруф Саид Маҳдихон Сатторов (шайх Теймур) мунҷар шуд, маҳкум намуда зимни арзи таслият ба хонаводаи ҳамаи қурбониён аз амният ва саломатии ҳамаи зиндониёни ин кишвар аз ҷумла зиндониёни сиёсӣ изҳори нигаронӣ мекунад.

Дар ҳодисаи рӯзи гузашта дар зиндони Ваҳдати Тоҷикистон, ки бар асари шуриши аъзои ДИИШи зиндонӣ дар ин зиндон рух дод 32 нафар кушта шуданд, ки аз ин теъдод 3 нафар аз аъзои собиқи Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломии Тоҷикистон буданд.