Май 22, 2019 10:45 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: Шумори талафоти шӯриши зиндони Роҳатӣ қобили тавҷеҳ нест

Раиси Шӯрои амниятӣ дар Русия мӯътақид аст, ки низоми зиндонҳои Тоҷикистон барои бархӯрд бо шӯриш ва ошӯб омода нест аз ин рӯ, дар саркӯби ин иттифоқот талафоти инсонии зиёде барҷо мегузорад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Антон Исавитков бо ишора ба гузориши расмии Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар бораи кушта шудани 32 тан дар саркӯби шӯриши ахири зиндони Роҳатӣ гуфтааст, ки шумори талафот дар ин ҳодиса зиёд ва ғайри қобили тавҷеҳ аст.

Вай мегӯяд, ки ин навъ ҳаводис нишон медиҳад, ки кор бо зиндониён масоили, тарбиятӣ ва навъи бархӯрд бо маҳкумон дар сатҳи бисёр поин аст.

Антон Исавитков афзуд: Ҳамчунин ба назар мерасад, ки раёсати зиндони Роҳатӣ барои бархӯрд бо ин навъ ҳаводис омода набуда ва ин омил мӯҷиби ташдиди бӯҳрон ва талафоти сангин шудааст.