Интиқоли Раҳматуллоҳ Раҷаб ба утоқаки инфиродӣ
Наздикони Раҳматуллоҳ Раҷаб узви Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ, ки ба 28 сол зиндон маҳкум шудааст, аз интиқоли вай ба утоқаки инфиродӣ хабар доданд.
Ба нақл аз сомонаи Топ ТҶ, мақомоти зиндони шумораи як шаҳри Душанбе низ бо таъиди ин хабар гуфтаанд, далели интиқоли Раҳматтулоҳи Раҷаб ба утоқаки инфиродӣ нақзи муқарароти дохилӣ аз сӯӣ вай будааст.
Ин мақомот мудаъӣ ҳастанд Раҳматуллоҳ Раҷаб муттаҳам ба интишори хабарҳои марбут ба ошуби ахир дар зиндони минтақаи Роҳатӣ буда ва ҳангоми бозрасӣ, аз зери ҷои хобаш нохунгир пайдо шудааст, ки силоҳи сард ба ҳисоб меояд. Аз ин ру вай барои муддате номушаххас ба селули инфиродӣ мунтақил ва аз ҳақи мулоқот, дарёфти ғизои хонагӣ гуш, кардани радио ва хондани рӯзнома маҳрум шудааст.
Аммо наздикони Раҳматуллоҳ Раҷаб мегуянд иддаои мақомоти зиндони шумораи як дуруст нест, чаро ки дар зиндон гуш кардани радио ва гуфтугӯ дар бораи ахборе, ки аз ин расона пахш мешавад, мамнуъ нест.
Онон гуфтаанд, ки Раҳматуллоҳ Раҷаб як моҳ қабл дучори сактаи мағзӣ шудааст ва акнун вазъи ҷисмонии хубе надорад.
Раҳматуллоҳ Раҷаб, ки дар гузашта узви Раёсати олии Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ буд соли 2015 ба иттиҳоми мушорикат дар шуриш генерал Абдулҳалим Назарзода муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон боздошт ва соли 2016 ба 28 сол зиндон маҳкум шуд.
Иттиҳоме, ки ҳамвора аз сӯи худи ӯ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъаи наҳзати исломӣ рад шудааст.