Май 23, 2019 09:56 Asia/Dushanbe
  • Баррасии барномаи нави ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо ҳамкории Сандуқи байналмиллалии пул

Дар дидори вазири молияи Тоҷикистон ва мудири Сандуқи байнамиллалии пул, барномаи нави ислоҳоти иқтисодии ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, дар ин дидор Файзуддин Қаҳҳорзода ва Кристиан Логорд дар ҳошияи ҳамоиши байналмиллалии "Рушди инсон, шаҳрҳо ва иқтисод" дар шаҳри Нурсултон пойтахти Қазоқистон дар бораи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ барои Тоҷикистон баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин дидор ҳамкории Сандуқи байналмиллалии пул ва Тоҷикистон барои ҳимоят аз будҷети ҳукумати ин кишвар ва роҳҳои коҳиши осибпазирии иқтисоди ин кишвар аз таъсири авомили хориҷӣ ва ислоҳоти низоми бонкии ин ҷумҳурӣ баррасӣ шуд.

Тоҷикистон ва Сандуқи байналмиллалии пул таи солҳои ахир дар бораи ихтисоси кумаки молии ин ниҳод чанд давр музокироте анҷом доданд, ки бидуни натиҷа будааст.

Ин ниҳоди молии байналмиллалӣ охирин бор дар соли 2012 маблағи 160 миллион доллар ба Тоҷикистон воми молӣ ихтисос дода буд.

Мақомоти бонки миллии Тоҷикистон қаблан аз ихтисоси 500 миллион доллар кумаки молии Сандуқи байналмиллалии пул ба ин кишвар хабар дода буданд, ки дар соли равон барои пардохти маблағи 220 миллион доллари он, ин ниҳоди молӣ шартҳоеро барои Тоҷикистон дар заминаи ислоҳот унвон кардааст, аммо Душанбе аз пазириши ин пешниҳодҳо худдорӣ мекунад.