Ирсоли парвандаи 11 узви зиндонии Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ ба Созмони Миллал
(last modified Thu, 23 May 2019 05:14:24 GMT )
Май 23, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли парвандаи 11 узви зиндонии Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ ба Созмони Миллал

Як Созмони мудофеъи ҳуқуқи башари байналмиллалӣ аз ирсоли парвандаи 11 узви зиндонии Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба Шурои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Freedom Now эълом кардааст, ки боздошт ва зиндонӣ кардани ин 11 узви Шурои олии сиёсии Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ комилан бо ангезаи сиёсӣ будааст ва Созмони Миллали Муттаҳид бояд озодии фаврии ононро аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кунад.

Дар руйхати ироашуда аз сӯи ин созмон ба Созмони Миллали Муттаҳид асомии 11 нафар аз аъзои Шурои олии сиёсии Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки ба иттиҳоми иртибот бо шуриши генерал Абдулҳалим Назарзода муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва дар соли 2016 ба ҳабси абад ё маҳкумиятҳои тулонимуддат маҳкум шудаанд, иттиҳоме, ки ҳамвора аз сӯи ин ашхос ва Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ рад шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Созмони Миллали Муттаҳид як сол пеш бар асоси пешниҳоди Созмони мудофеъи ҳуқуқи башари байналмиллалии Freedom Now аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карда буд, ки Муҳаммадалии Ҳайит муовини ба зиндони абад маҳкумшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ, Заид Саидов фаоли бахши хусусӣ ва Бузургмеҳр Ёров вакил мудофеъи ҳуқуқиро бидуни қайду шарт озод кунад.

Аммо мақомоти ҳукумати Тоҷикистон эълом кардаанд дархости Созмони Миллали Муттаҳид тавсияӣ буда ва аз ҷанбаи илзомӣ бархурдор нест ва феълан ин ашхос дар зиндон давраи маҳкумияти худро мегузаронанд.