Май 24, 2019 17:04 Asia/Dushanbe
  • Табрики Раҳмон ба Моди барои пирӯзӣ дар интихоботи Ҳинд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба нахуствазири Ҳинд, пирӯзии вай дар интихоботи ин кишварро табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд, пирӯзии ҳизби вай дар интихоботи парлумонии ин кишварро табрик гуфт.

Раҳмон дар паёми худ ибрози умедворӣ кардааст, Моди дар оянда низ тамоми талошҳои худро барои тавсеа ва тақвияти равобити дӯстона ва ҳамкории чандҷониба миёни ду кишвари дӯст ба кор бандад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар ин паём омодагии Душанберо барои идомаи гуфтугӯи созанда бо Ҳинд дар тамоми сатҳҳо, бо ҳадафи тақвияти ҳимоят ва эътимоди сиёсии мутақобил миёни ду кишвар эълом кард.

Раҳмон дар бахши дигаре ибрози итминон кардааст, ки бо талошҳои муштарак, мушорикати ду кишвар дар тамоми заминаҳои мавриди алоқаи ду тараф ба сатҳҳои болотаре рушд кунад.