Май 25, 2019 12:49 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мавзуъи шиносоӣ ва бозгардондани атбоъи Тоҷикистон аз Сурия

Сафири Тоҷикистон дар Кувейт ва Ироқ таи сафари дурӯза ба Димишқ бо муовини аввали вазири умури хориҷаи ин кишвар мавзуъи шиносоӣ ва бозгардондани атбоъи тоҷикистониро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Зубайдуллоҳ Зубайдзода ва Миқдод Файсал дар Димишқ мавзуъи шиносоии атбоъи Тоҷикистонӣ ва аъзои хонаводаҳои онон ва фароҳам сохтани заминаи бозгашти ин афрод ба кишварашон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Сафири Тоҷикистон дар Кувейт ва Ироқ дар ин дидор номаи расмии Сироҷиддин Меҳрддин Вазири умури хориҷаи кишварашро унвони Валид Алмуъалим Вазири хориҷаи Сурия ба муовини аввали вай тақдим кард. дар ин нома бар зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Сурия ва мусоидати давлати Димишқ барои шиносоӣ ва бозгардондани атбоъи тоҷикистонӣ ва аъзои хонаводаҳои онон таъкид шудааст.

Бо талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ду марҳила 84 кудаки тоҷик,ки падарони онон бо пайвастан ба гурӯҳи ДИИШ дар Ироқ кушта шуда ва модаронашон дар зиндон ба сар мебаранд, ба кишварашон бозгардонда шуданд.

 Аммо дар мавриди Сурия теъдоди дақиқи ин афрод мушаххас нест.

Пеш аз ин намояндаи кумитаи Салиби Сурхи ҷаҳонӣ эълом карда буд,ки дар яке аз  урдугоҳҳои таҳти назари Созмони Милаллӣ муттаҳид дар устони Ҳаскаи Сурия,6 зан ва 9 кудаки тоҷикистонӣ нигаҳдорӣ мешаванд,ки бояд ба кишварашон баргарданд.

Ба гуфтаи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон наздик ба ҳазору  900 шаҳрванди ин кишвар бо пайвастан ба гурӯҳҳои терраристӣ аз ҷумла ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд,ки беш аз 400 нафар аз ин афрод дар даргирӣ бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

Теъдоде аз ин афрод хонаводаҳои худро низ ба Сурия ва Ироқ мунтақил кардаанд,ки  Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад занон ва кудакони ҷангҷӯёни кушта шударо ба кишварашон баргардонад.

 

Барчасп