Май 25, 2019 14:20 Asia/Dushanbe
  • Эътирози ҳамсари як зиндонии тоҷик ба муҷозоти ӯ дар зиндон

Ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб, аз мақомоти пешини Ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба шиканҷаи ӯ дар зиндон эътироз кардааст.

Ба гузориши Садои хуросон, Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб рӯзи гузашта зимни интишори видиое дар фазои маҷозӣ бо ибрози нигаронӣ аз иқдоми мақомоти зиндони шумораи яки  шаҳри душанбе дар интиқоли вай ба  ҳуҷраи баста гуфтааст, дар сурати расидагӣ накардан ба шароити ин зиндонӣ даст ба гуруснанишинии  эътирозӣ хоҳад зад.

Хонуми Иброҳимзода дар заминаи таваҷӯҳ ба қазияи ҳамсараш мусоидати Созмонҳои байналмиллалиро хостор шуд.

Мақомоти зиндони шумораи яки Душанбе монанди дигар зиндонҳои саро сари Тоҷикистон пас аз ҳодисаи ошуб дар зиндони шаҳристони Ваҳдат дар шаби 19 май,бозрасии куллӣ аз тамоми маҳбусонро дар дастури кор қарор додаанд ва даҳҳо маҳбусро дар ин росто муҷозот карданд. Аз ҷумлаи ин маҳбусон Раҳматуллоҳи Раҷаб аст,ки мақомоти зиндон вайро ба иттиҳоми иттилоърасонӣ ба дигар маҳбусон дар бораи ошуби зиндони Ваҳдат муҷозот ва равонаи  ҳуҷраи баста кардаанд.

Раҳматуллоҳи Раҷаб,ки дар гузашта узви раёсати Ҳизби Наҳзати исломӣ буд, соли 2016 ба иттиҳоми мушорикат дар шуриши Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти Вазорати дифоӣ  Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.