Баҳрабардорӣ аз парки “Куруши Кабир” дар Душанбе. Ба зудӣ
Май 25, 2019 12:27 Asia/Dushanbe
Шаҳрдори Душанбе аз ифтитоҳи парки “Куруши Кабир” дар ояндаи наздик дар ин шаҳр хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Рустами Эмомалӣ гуфт, корҳои иҷроӣ ва сохти ин парк, ки масоҳати он 4.3 гектар буда ва дар канори театри “Опера” ҷойгир шуда, тақрибан ба поён расидааст ва ба зудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Шаҳрдори Душанбе ҳамчунин бо судури ҳукме бар насби муҷассамаи Камолиддини Беҳзод, наққоши бузурги форсу тоҷик дар маҳдудаи ин парк таъкид кард.
Парки “Куруши Кабир” шонздаҳумин парке аст, ки дар солҳои ахир дар шаҳри Душанбе сохта шудааст.