Ҳушдори Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар бораи шиносномаҳои қадимӣ
(last modified Mon, 27 May 2019 16:13:42 GMT )
Май 27, 2019 21:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар бораи шиносномаҳои қадимӣ

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон охирин мӯҳлати таъвизи шиносномаҳои қадимӣ ва дарёфти корти миллиро дар ин кишвар даҳуми август эълом кард.

Ба гузориши “Спутник”, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки тамоми шаҳрвандони ин кишвар бояд шиносномаи тоҷикии худро, ки дар соли 1996 мунташир шуд, ба корти миллӣ табдил кунанд.

Бар ин асос, пас аз даҳуми август ироаи хадамоте ҳамчун хадамоти бонкӣ ба афроди бидуни корти миллӣ мамнуъ хоҳад буд ва ин афрод аз ҳаққи истифода аз симкортҳои телефони ҳамроҳ низ маҳрум мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2014 намунаи корти миллии ҷадидро барои таъвизи шиносномаҳои қаблии шаҳрвандони ин кишвар ироа кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо тасвиби ислоҳияе муқаррароти ироаи симкорти телефони ҳамроҳ ба шаҳрвандони ин кишварро сахттар кард.

Бар асоси ин тасмим, симкорти телефони ҳамроҳ танҳо бо ироаи корти миллии ҷадид ва ҳузури фарди мутақозӣ вогузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин фурӯши симкорти телефони ҳамроҳ ба афроди зери 16 сол, вогузории ду симкорт ба як нафар ва интиқоли симкорти телефони ҳамроҳ ба ашхоси дигар мамнуъ шудааст ва афроди мутахаллиф ба пардохти ҷаримаи маҳкум хоҳанд шуд.