Май 28, 2019 17:40 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи мадрасаи низомии

Ба муносибати бисту панҷумин солгарди таъсиси нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мадрасаи низомии "Курӯши Кабир" дар шаҳри Душанбе бо ҳузури раисҷумҳури ин кишвар ва шаҳрдори Душанбе ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин мадраса (гимназия)-и низомӣ мутааллиқ ба бахши марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба масоҳати 1360 метри мураббаъ ва шомили 3 сохтмони 2-табақаии муҷаҳҳаз ба синф, китобхона, ошпазхона ва хобгоҳ аст.  Дар ин мадрасаи низомӣ ҳар сол 100 донишомӯз баъд аз поёни синфи нуҳум метавонанд таҳсил кунанд. Илова бар риштаҳои аслӣ дар ин мадраса ҳамчунин забонҳои англисӣ, чинӣ, туркӣ ва русӣ тадрис мешавад. Давраи таҳсил дар ин мадраса  ду сол аст ва фориғуттаҳсилони он метавонанд бар асоси қарордодҳои дуҷониба дар донишгоҳҳои низомии кишварҳои Русия, Чин, Қазоқистон ва Озарбойҷон таҳсилоти худро идома диҳанд.