Дидори Раҳмону Шойгу дар Душанбе
(last modified Tue, 28 May 2019 14:34:54 GMT )
Май 28, 2019 19:34 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раҳмону Шойгу дар Душанбе

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва вазири дифои Русия имрӯз дар дидоре дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкориҳои низомии дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон таъкид кардааст, ки Русия муҳимтарин шарики роҳбурдии кишвараш буда ва Душанбе густариши равобит бо Москваро дар авлавияти сиёсати хориҷии хеш қарор додааст. Вазири дифоии Русия низ дар ин дидор гуфтааст, ки Маскав ба ҳимоят аз Тоҷикистон дар баробари таҳдидҳои амниятӣ ҳамчунон идома хоҳад дод ва барномаи тақвияти тавони нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ва пойгоҳи 201-и артиши Русия мустақар дар Тоҷикистонро дар дастури кор дорад.

Дар ин дидори ду тараф бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай таъкид карданд. Авзои Афғонистон ва амнияти Осиёи Марказӣ аз дигар мавзӯоти нишасти Раҳмону Шоигу буд.

Вазири дифои Русия бо Шералӣ Мирзо, ҳамтои тоҷики худ низ мавзӯи тақвияти ҳамкориҳои низомии миёни Русия ва Тоҷикистонро баррасӣ ва сипас бо низомиёни мустақар дар пойгоҳи 201-и артиши Русия дар ҳумаи Душанбе низ дидор кард.

Бар асоси созишномаи ҳамкориҳои низомии Русия ва Тоҷикистон, ин пойгоҳ, ки бузургтарин маркази нерӯи низомии артиши Русия дар хориҷ аст, то соли 2042 дар Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошт.