Таксиҳои Душанбе то 15 июн бояд яксонсозӣ шаванд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44101-Таксиҳои_Душанбе_то_15_июн_бояд_яксонсозӣ_шаванд
Шаҳрдории Душанбе эълом кардааст, ки таксиҳои ин шаҳр бояд то 15 июни имсол зоҳири худро бо тарҳи яксонсозии васоили нақлия татбиқ кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 29, 2019 09:00 Asia/Dushanbe
  • Таксиҳои Душанбе то 15 июн бояд яксонсозӣ шаванд

Шаҳрдории Душанбе эълом кардааст, ки таксиҳои ин шаҳр бояд то 15 июни имсол зоҳири худро бо тарҳи яксонсозии васоили нақлия татбиқ кунанд.

Ба нақл аз сомонаи шаҳрдории Душанбе, ронандагони таксиҳои пойтахти Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки то рӯзи 15 июни имсол тарҳи яксонсозии васоили нақлияи умумиро иҷро кунанд.

Шаҳрдории Душанбе ҳушдор додааст, ки агар моликони таксиҳо то муддати таъиншуда дар ин замина иқдом накунанд, фаъолияти онҳо мамнӯъ ва муҷаввизи онҳо лағв хоҳад шуд.

Вижагии тарҳи ҷадиди яксонсозии фаъол дар шаҳри Душанбе ранги зарди сақф ва ранги сиёҳ ва сафеди бақияи қисматҳои ин мошинҳо ва сабти шумораи телефонҳои ширкатҳои таксиронӣ аст.