Май 30, 2019 10:01 Asia/Dushanbe
  • 122 миллион доллар таслиҳоти Русия ба Тоҷикистон таи 5 соли ахир

Русия таи 5 соли ахир ба маблағи 122 миллион доллар таслиҳот ва абзори ҷангӣ дар ихтиёри неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор додааст.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, ин матлабро Андрӣ Варабиев муовини раиси ҳайъати музокиракунандаи Русия дар гуфтугӯҳои контрол бар таслиҳоти низомӣ ва таъмини амнияти байналмиллалии вобаста ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Венаи Австрия эълом кардааст.

Вай таъкид кардааст Тоҷикистон дорои марзи муштараки тулонӣ бо Афғонистон аст, ки яке аз минтақаҳои буҳронӣ ва ноамни ҷаҳон ба ҳисоб меояд. акнун низ гуруҳҳои террористии шикастхурда дар сурия ва Ироқ талош мекунанд дар Афғонистон мустақар шаванд ва ин мавзӯъ таҳдиде ҷиддӣ алайҳи амнияти Осиёи Марказӣ ва ҳампаймонони Русия мебошад.

Ба гуфтаи Варабиев, Русия  бар асоси созишномаи ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ бо Тоҷикистон аз соли 2014 ба маблағи 122 миллион доллар таслиҳот ва абзори ҷангӣ дар ихтиёри неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор додааст, ки шомили болгард, тупхона, таҷҳизоти зириҳӣ ва муҳиммот мешавад.

Ҳамчунин дар ҳоли ҳозир 586 нафар аз низомиёни тоҷик дар донишгоҳҳои вобаста ба Вазорати дифои Русия омӯзиш мебинанд.

Бар асоси барномаи ҳамкорӣ дар заминаи омӯзишӣ миёни Маскав ва Душанбе ҳамасола беш аз як ҳазор нафар аз низомиёни тоҷик дар пойгоҳи 201 артиши Русия дар Ттоҷикистон давраҳои омӯзиширо фаро мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл артишбуд Сергей Шайго вазири дифои Русия дар сафар ба Душанбе дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти Тоҷикистон мавзӯъи густариши ҳамкориҳои низомии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дод.