Муҳоҷирати кории Шуҳрат Қудратов ба Русия
(last modified Thu, 30 May 2019 05:23:19 GMT )
Май 30, 2019 10:23 Asia/Dushanbe
  • Муҳоҷирати кории Шуҳрат Қудратов ба Русия

Шуҳрат Қудратов вакили мудофеи саршиноси тоҷик эълом кард пас аз озодӣ аз зиндон дар Тоҷикистон натавонистааст коре пайдо кунад ва акнун дар шаҳри Маскав ба унвони ёвари дафтари ваколати ҳуқуқӣ фаолияти худро оғоз кардааст.

Ба нақл аз саҳифаи  Шуҳрат Қудратов дар шабакаи Фейсбук, вай таъкид кардааст, ки ба муддати 9 моҳ пас аз озодӣ аз зиндон дар Тоҷикистон муваффақ ба пайдо кардани шуғл нашудааст ва дар ҳоли ҳозир дар пойтахти Русия ба унвони ёвари дафтари ваколати ҳуқуқӣ фаолият мекунад ва омодаи ироаи мушовираи ҳуқуқӣ ва дифоъ аз ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир мебошад.

Шуҳрат Қудратов дар соли 2014 ба иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шуд ва дар моҳи январи соли 2015 додгоҳи шаҳри Душанбе вайро ба 9 сол зиндон маҳкум кард. Баъдан додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Шуҳрат Қудратовро тағйир ва то 3 сол ва 8 моҳ коҳиш дод.

Он мавқеъ бисёре аз фаолони ҳуқуқи башар ва ҷонибдорони вай аз амалкарди давлати Тоҷикистон интиқод карданд ва боздошт ва ҳабси  Шуҳрат Қудратовро бо дидгоҳҳои сиёсиаш муртабит хонданд. Созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқи башар аз ҷумла Парлумони Аврупо низ аз мақомоти тоҷик хоста буданд  Шуҳрат Қудратов аз зиндон озод шавад.  Шуҳрат Қудратов аз ҷумлаи вакилоне аст, ки дар даъвоҳои пур сару садо ҳамонанди қазияи Зайд Саидов вазири собиқи саноат, Яъқуб Салимов вазири собиқи кишвар ва Ҷурабек Охундов раиси ширкати сохтмонсозии Мовароуннаҳр аз ҳуқуқи онҳо дар додгоҳ дифоъ кардааст.

Ҳамзамон  Шуҳрат Қудратов он замон узви фаоли раёсати Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон буд, ки раёсати онро Раҳматуллоҳ Зоиров мудофеи саршиноси ҳуқуқи башар бар уҳда дошт.