Май 30, 2019 13:18 Asia/Dushanbe
  • Раиси Шурои Иттиҳодияи Аврупо вориди Тоҷикистон шуд

Раиси Шурои Иттиҳодияи Аврупо дар раъси як ҳайъат аз мақомоти олирутбаи ин созмон вориди Душанбе шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар бадви вуруд ба фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе Доналд Туск мавриди истиқболи Сироҷиддини Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва дигар мақомоти расмии ин кишвар қарор гирифт.

Интизор меравад, ки Туск дар чорчуби сафари 2 рӯзаи худ ба Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи ин кишвар мулоқот кунад.

Сафари Туск ба Тоҷикистон дар чорчуби сафарҳои вай ба кишварҳои Осиёи Марказ сурат мегирад.

Бино бар гузориши маркази матбуотии Шурои Иттиҳодияи Аврупо сафари раиси ин мақоми аврупоӣ бо ҳадафи густариши мушорикат бо минтақа сурат мегирад.

Сафари ин мақоми Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи гузашта дар натиҷаи даргирӣ дар зиндони Ваҳдати Тоҷикистон 32 нафар аз ҷумла 3 узви баландпояи  Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ кушта шуданд.

Пас аз ин ҳодиса ва адами посугӯии муносиб аз тарафи давлати Тоҷикистон аъзои Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ бо ирсоли номае ба Иттиҳодияи Аврупо хостори расидагӣ ба ин мавзӯъ шуданд.