Июн 01, 2019 09:45 Asia/Dushanbe
  • Давлати Тоҷикистон бояд мушкилоти коргарони муҳоҷир ро ҳал кунад

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон бар зарурати расидагии давлати ин кишвар ба мушкилоти коргарони муҳоҷир дар хориҷ таъкид кард

Ба нақл аз хабаргузории Авесто,Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ дар мизи гирди муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия дар шаҳри Душанбе гуфтааст,ки ҳама сола 150 ҳазор нафар аз донишгоҳиён ва марказҳои омӯзишӣ фаннӣ ва ҳирфаии ин кишвар бояд вориди бозори кор шаванд аммо барои 100 ҳазор нафар аз онон дар дохили Тоҷикистон шуғле пайдо нахоҳад шуд. Аз ин рӯ бояд ин воқеъият ро эътироф кард,ки дар шароити феълии иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, танҳо роҳи иштиғолзоӣ барои ҷавонони ин кишвар муҳоҷират ба хориҷ ва ба вижа Русия аст.

Вай таъкид кардааст,ки дар соли 2014 коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон маблағи беш аз 4 миллиард ва 200 миллион доллар аз тариқи Бонкҳо ирсол карда буданд. Аммо агар мизони комили даромади ирсолии ин афрод дар соли 2014 муҳосиба шавад,ба беш аз 5 миллиард доллар хоҳад расид.

Ин дар ҳоле аст,ки таи солҳои 2013 ва 2014 ба гуфтаи иқтисоддонон наздик ба 75 дар сад аз ҳаҷми тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон аз ҳисоби даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик таъмин мешуд,ки имрӯз ба далели буҳрони молӣ дар Русия ин мизон коҳиш ёфтааст.

Коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия муҷиби бурузи шадид дар низоми бонкии Тоҷикистон шудааст,ки имрӯз бонкҳо наметавонанд супурдаҳои шаҳрвандонро пардохт кунанд.

Акнун мушкилоти зиёде дар мавриди дифоъ аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик, таъмини амнияти шуғлии ин афрод, мавзуъи ҳуқуқи бознишастагӣ ва бимаи дармониашон дар Русия вуҷуд дорад,ки бояд Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли ин масоил кумак кунад.

Ба гуфтаи Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ дар ин маврид бояд миёни Ҳукуматҳо, парлумонҳо ва Вазоратхонаҳои кории  Тоҷикистон ва Русия ҳамкории мустамар бошад ва Созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷик дар хориҷ низ дар ин раванд мушорикат кунанд.