Чаҳоршанбе дар Тоҷикистон иди Фитр аст
Июн 01, 2019 15:28 Asia/Dushanbe
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи панҷуми июнро ба унвони рӯзи иди Фитр дар ин кишвар эълом кард.
Ба гузориши торнамои Маркази исломии Тоҷикистон, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар нишасти аъзои ин шӯро дар шаҳри Душанбе гуфт, бо таваҷҷуҳ ба муҳосиботи илмии рӯзи чаҳоршанбеи 5 июн дар Тоҷикистон иди саиди Фитр хоҳад буд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода афзуд, намози иди Фитр имсол дар тамоми масҷидҳои Тоҷикистон соати шаши субҳ иқома мешавад
Моҳи Рамазони имсол дар Тоҷикистон аз шашуми май оғоз шуд.