Июн 03, 2019 08:44 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби Сипеҳри Орзу дар Тоҷикистон

Китоби Сипеҳри Орзу навиштаи Ҳаёт Неъмат Самарқандӣ адиби тоҷики муқими Узбакистон ба тозагӣ дар шаҳри Душанбе мунташир шуд,ки шомили осори 179 нафар аз шоирони прсигӯӣ самарқандӣ аст.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷикистон таймз, нависандаи ин китоб мегуяд; баррасии зиндагӣ ва осори шоироне,ки дар даврони шиканҷаи ҳукумати Сталин дар даҳаи 1930 дар Шуравии вақт,эъдом,табъид,зиндонӣ ва ба урдугоҳҳои кори иҷборӣ фиристода шудаанд, ҳадафи интишори ин китоб будааст.

Вай таъкид кардааст,ки дар он даврон наздик ба 102 ҳазор ва 800 нафар аз шоирон ва аҳли адаб ва фарҳанги Самарқанд боздошт шудаанд,ки барои 14 ҳазор тан аз онон ҳукми эъдом содир шудааст.

Ба гуфтаи ин шоир ва муҳақиқ, дар китоби Сипеҳри Орзу ашъоре аз Ҳамидуллоҳ Латифӣ Панҷшанбегӣ ва Умар Боқии Самарқандӣ мунташир шудааст,ки қаблан хонандагон аз вуҷуди осори ин адибони прсигӯи  Самарқанд иттилое надоштанд.

Ҳаёти Неъмати самарқандӣ яке аз адибони форсӣ дар Самарқанд аст,ки дар даврони ҳукумати Ислом Каримов раиси ҷумҳурии пешини Узбакистон ба далели мухолифат бо бастани мадрасаҳои тоҷикӣ дар ин шаҳр борҳо таҳти фишор қарор гирифта буд.

Вай аз коҳиши нуфузи забони форсӣ дар Бухоро ибрози нигаронӣ мекунад ва мегӯяд,ки шояд таи солҳои оянда дигар шоири порсигӯе дар Бухоро боқи намонад.