Сафири Тоҷикистон дар ЭКО устуворномаи худро тақдим кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44272-Сафири_Тоҷикистон_дар_ЭКО_устуворномаи_худро_тақдим_кард
Сафири Тоҷикистон дар Эрон, ки бо ҳифзи симмат, ҳамзамон ба унвони намояндаи ин кишвар дар Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО муаррифӣ шудааст, устуворномаи худро ба дабири кулли ин созмони иқтисодии минтақавӣ тақдим кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 07, 2019 18:07 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар ЭКО устуворномаи худро тақдим кард

Сафири Тоҷикистон дар Эрон, ки бо ҳифзи симмат, ҳамзамон ба унвони намояндаи ин кишвар дар Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО муаррифӣ шудааст, устуворномаи худро ба дабири кулли ин созмони иқтисодии минтақавӣ тақдим кард.

Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ дар дидор бо Ҳодии Сулаймонпур, дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО устуворномаи худро ба унвони намояндаи Тоҷикистон дар ин созмон тақдим кард.

Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО бо табрики оғози фаъолияти Низомиддин Зоҳидӣ ба унвони намояндаи Тоҷикистон дар ин созмон, барои вай орзуи муваффақият кард.

Дар ин дидор роҳҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, энергетика, ҳамлу нақл ва транзит баррасӣ шуд.