Июн 08, 2019 09:19 Asia/Dushanbe
  • Дархости кӯмаки молии ҷангҷӯи тоҷики  узви ДИИШ аз хонаводааш

Як ҷангҷӯи тоҷики узви гурӯҳи террористии ДИИШ аз хонаводааш дар Тоҷикистон дархост кардааст,ки барои раҳоии вай аз шароити ногувор маблағи 6 ҳазор доллар ирсол кунанд.

Ба нақл аз сомонаи Топ  Ти Ҷи, Парвиз Саидраҳмонов мулақаб ба Абудовуд,ки дар соли 2014 аз Русия ба Ироқ рафта  ва ба гурӯҳи ДИИШ пайвастааст акнун аз аъзои хонаводааш хостааст,ки барои таҳияи гузарнома ва дигар ҳазинаҳо маблағи 6 ҳазор доллар ба ҳисоби яке аз дӯстонаш дар кишвари Молт ирсол кунанд.

Аммо наздикони вай ин мавзуъро ба мақомоти амниятӣ иттилоъ доданд чаро,ки ирсоли маблағ ба хориҷ ва он ҳам ба ҳисоби афроди машкук бар асоси қавонини Тоҷикистон кӯмаки молӣ ба терроризм маҳсуб мешавад,ки маҳкумияти тулонӣ ба зиндон ро дар пай дорад.

Абудовуд,ки масули интишори наворҳои видиоии таблиғотии гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳрҳои Риқаҳ  Сурия ва Мувсили Ироқ буд, пас аз шикасти ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ акнун дар ҷое махфӣ шуда ва дар паи раҳоӣ аз ин шароит аст.

Вай дар Русия таҳти пайгарди қазоӣ карор дорад ва аз сӯи ин кишвар ба иттиҳоми созмондиҳии чанд амалиёти терррористӣ дар феҳристи пулиси байналмиллалӣ низ шомил шудааст.

Дар Тоҷикистон аз Абудовуд ба унвони яке аз афроди муҳими гурӯҳи террористии ДИИШ ёд мекунанд,ки барои ҷазби ҷавонони тоҷик ба сафи ин Созмон таблиғоти зиёде дар фазои маҷозӣ анҷом додааст.