Сирқати нардаҳои филизии оромгоҳи донишманди тоҷик дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44330-Сирқати_нардаҳои_филизии_оромгоҳи_донишманди_тоҷик_дар_Душанбе
Афроди ношиносе нардаҳои филизии оромгоҳи донишманди тоҷик дар шаҳри Душанберо ба сирқат бурдаанд, ки мақомоти додситонии пойтахти Тоҷикистон дар ин замина парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 09, 2019 04:26 Asia/Dushanbe
  • Сирқати нардаҳои филизии оромгоҳи донишманди тоҷик дар Душанбе

Афроди ношиносе нардаҳои филизии оромгоҳи донишманди тоҷик дар шаҳри Душанберо ба сирқат бурдаанд, ки мақомоти додситонии пойтахти Тоҷикистон дар ин замина парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд.

Ба нақл аз сайти Ахбори Осиёи Марказӣ, Баҳодур Сафаров мудири гуристони СарОсиёи Душанбе гуфтааст ин ҳодиса сирқати воқеъӣ аст ва сориқон барои фуруши филизот даст ба ин кор мезананд.

Гуфта мешавад, ки ашхоси ношинос пардаҳои руи оромгоҳи доктор Абдулраҳмони Бухоризода устоди забони форсии донишгоҳи давлатии вақти Тоҷикистонро, ки дар соли 1987 фавт кардааст, ба сирқат бурдааст. Аз дидгоҳи Буҳодур Сафаров мудири ин гуристон ин иқдом сирфан барои сирқат анҷом шудааст ва сориқон оҳану филизоти истифодашуда барои сохти нардаҳои оромгоҳи ашхосро дуздида ва ба унвони оҳанҳои нолозим ба маконҳои ҷамъоварии он таҳвил медиҳанд.

Ҳар чанд, ки бо талошҳои мардум таи солҳои ахир 4 сориқ боздошт ва ба мақомоти қазоӣ таҳвил дода шудаанд, аммо ба назар мерасад, ки барои тақвияти ҳифозат аз ин гуристон бояд иқдом кард чаро ки гуристони СарОсиёи шаҳри Душанбе дар масоҳати 70 гегтар воқеъ шуда ва 4 нигаҳбон дорад, ки аз уҳдаи ҳифозат аз ин макон бар намеоянд.

Аз сӯи дигар коршиносон муътақиданд дар Тоҷикистон мавориди тахриб ё беҳурматӣ ба оромгоҳҳои даргузаштагон хеле кам мушоҳида мешавад.